ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 март дар Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Чемпионати 33-юми Тоҷикистон 12 бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) иштирок менамоянд.
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду давр баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдон ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ менамоянд. Умуман, дар мавсим ҳар тим 22 вохӯригӣ мегузаронад. Дастае, ки дар Лигаи олӣ дар мавсими соли 2024 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Чемпионати 33-юми Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.
Иштироккунандагони Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ:
«Истиқлол» (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Эсхата» (Хуҷанд)
«Куктош» (Рӯдакӣ)
КМВА (Душанбе)
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Ҳосилот» (Фархор)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Вахш» (Бохтар)
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Истаравшан» (Истаравшан)
«Барқчӣ» (Ҳисор)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






