Густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Амрико баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Шурои директорони Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ дошта, вазифаи асосии он беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тавассути пешбурди таҷрибаҳои соҳибкорӣ, манфиатҳои аъзо, ташкили шабакаҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор маҳсуб шуда, зиёда аз 50 ширкати бонуфузи мамлакат, аз қабили «RSM», «Somon Air», «FINCA», «СИЁМА» «FIFTYFIVE GROUP», «TAJ-ET», «Hilton», «Icom»,«Bakertilly»,«Tcell»,«Зеркало» ва ғайра аъзои он мебошанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар самтҳои баргузории форумҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Амрико, муаррифӣ ва беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалитянок ҳамкорӣ намоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






