Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ректори филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар Тошканд профессор Қаландар Абдураҳмонов баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иттилоотии технологӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дар филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар Тошканд Шурои илмӣ фаъолият дорад. Аз ин рӯ, мусоҳибон хостори густариши ҳарчи бештари робитаҳои илмӣ байни олимони ду давлат гардиданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаи табодули таҳсили донишҷӯён изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






