Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор шуд

Март 12, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст вакилон масъалаи иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳия намудани шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода,  гузаронидани арзёбии техникии иқтидори низоми мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода, омода намудани мураббиёни озмудашуда аз ҳисоби фаъолони аҳли ҷомеа баҳри мусоидат дар вазъияти ҳолатҳои фавқулода, сифатнок иҷро намудани барнома ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идома ҷараёни татбиқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии  Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси шаҳри Душанбе дар ин робита ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур доданд, ки бо мақсади иҷрои босифати Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи занон, бештар намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва омӯзишию фароғатӣ байни занон, ривоҷ додани таҷрибаи пешбурди корҳои хонагӣ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа, корхонаҳо ва ҷалби марказҳои ҳунармандӣ, соҳибкасб гардонидани занони бешуғл, ба занон-хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани на кам аз ду забони хориҷӣ, дар назди мақомот ташкил намудани Шурои соҳибкорзанон истифодаи тамоми имконияти мавҷударо амалӣ намоянд.

Дар идома вакилон Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ гардидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба ин масъала гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ вобаста ба тақвият бахшидани лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» бо назардошти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омода кардани мутахассисон дар ҳама самтҳои идоракунии рақамӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми равшаннамоии роҳу роҳравҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва тақвияти корҳо дар ҳамаи соҳаҳо баҳри ҳарчи тезтар гузаштан ба иқтисоди рақамӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни иҷлосия ба муовинони соҳавӣ ва масъулин дастур доданд, ки истифодаи самараноки қувваи барқ, равшанидиҳии берунаи атрофи мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, биноҳои баландошёна ва дигар корхонаву ташкилотро тариқи батареяҳои офтобӣ ва таъмини гармиро ҳангоми бунёди корхонаҳои саноатии бузург тариқи дегхонаҳои автономӣ дар амал татбиқ намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 12, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд