Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо дар охири рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. 21-22 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа паст мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 +7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






