Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат мешавад

Март 10, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  борону барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа  гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Март 10, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад