Имрӯз мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Гурҷистон мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад.
Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 варзишгар, аз ҷумла Аҳлия Муъминова дар вазни то 52кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир ҳарду дар вазни то 100кг иштирок менамояд.
Мусобиқа аз 22 то 24 март бо иштироки 541 ҷудочӣ аз 83 давлати ҷаҳон баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






