ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Шуғнон шумораи марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ки бо ин низом фаъолият менамоянд, меафзояд
ХОРУҒ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва филиали он дар ноҳияи Шуғнон бо мақсади таъмини фаъолияти босамари низоми пардохти ғайринақдӣ, аҳамият ва моҳияти он дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ бо тоҷирону соҳибкорони ин ноҳия мулоқот намуда, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас доданд.
Мудири филиали рақами 74-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон Бахтдавлат Собиров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «пардохти ғайринақдӣ ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, баҳри ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Шуғнон яке аз калонтарин ноҳияҳои вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳар маҳалла дӯкону мағозаҳо ва марказҳои калони савдо мавҷуд ҳастанд. Соли 2023 дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 85 таҷҳизоти электронии пардохтӣ, аз ҷумла 48 постерминал насб гардид».
Мағозаи «Сулҳия» дар маркази ноҳия- шаҳраки Ваҳдат ҷойгир буда, ба соҳибкори инфиродӣ Шокир Алимамадов тааллуқ дорад. Ин мағоза аз моҳи январи соли 2022 бо истифода аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ фаъолият менамояд. Дар мағоза ҳама гуна молу маҳсулот ба харидорон тавассути корт ва кюар- рамзҳо фурӯхта мешавад. Ҳамчунин дар мағозаҳои соҳибкорон Ғуломасейн Бозоров ва Бахтоваршо Алимададшоев ба мушоҳида расид, ки ҳамаи харидорон бо ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ хуб шинос буда, батадриҷ ба ин намуди хизматрасонӣ мегузаранд.
Бахтдавлат Собиров гуфт, ки доир ба ин масъала бо ҳамаи роҳбарону мутахассисоне, ки бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасонии давлатӣ анҷом медиҳанд, суҳбат кардаанд. Ҳамзамон онҳоро даъват намуданд, ки якҷо бо низоми бонкии ноҳия бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд






