МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад

Март 24, 2024 09:47

ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Гулкарам сабзавоти хуби ғизоӣ буда,  дар таркибаш  8 витамин- С, В1, В2, натрий, калий, калсий, магний, фосфор мавҷуд мебошад, ки ба саломатӣ фоида доранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, кадбонуҳои мо аз ҳар гуна маҳсулот хӯришу хӯрокҳои лазизе омода менамоянд, то хони наврӯзиашонро боз ҳам рангинтару зеботар созанд. Гулкарам аз ҷумлаи сабзавоте аст, ки аз он метавон ҳар гуна хӯрокҳои хушмазза ва фоидабахш таҳия сохт.

Гулкарамро ҷӯшонида, бирён намуда ва дам дода истеъмол менамоянд. Ин сабзавот нисбат ба дигар анвои карам зудҳазм буда, луобпардаи меъдаро намеангезад. Гулкарам бахусус ҳангоми бемориҳои меъдаву рӯда ва чун ғизои кӯдакон манфиатовар аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳангоми суст будани тарашшуҳоти меъда истеъмоли ғизоҳои обпазе, ки аз гулкарам таҳия шудаанд, фоиданок аст. Онро ҳангоми бемориҳои меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон низ муфид мешуморанд. Ба гирифторони бемории диабети қанд низ истеъмоли гулкарам тавсия дода мешавад. Истеъмоли гулкарам барои шахсони гирифтори ниқрис (подагра) зиён дорад.

Дар таркиби гулкарам миқдори зиёди витамини С мавҷуд аст, ки он асосан барои занон муфид аст. Зеро витамини С бунияро тақвият дода, хатари гирифторӣ ба бемориҳои вирусиро коҳиш медиҳад ва ба ҳазми хӯрок мусоидат менамояд. Он инчунин аз кислотаи фолий бой аст, ки барои рушди ҷанин ҳангоми ҳомиладорӣ муҳим аст. Дар давраи ширдиҳӣ зан метавонад гулкарам бихӯрад, аммо на бештар аз 200 грамм дар як рӯз. Чун дар ҳолати зиёд истеъмол намудани он имкон дорад, ки тифли ширхӯр гирифтори бемории метеоризм (ҳосилшавии ҳар гуна газҳо дар рӯда) гардад.

Гулкарам хеле кам дар инсон ҳассосият ба вуҷуд меорад. Аз ин хотир  яке аз ғизоҳои аввалине, ки ба кӯдакон доданаш иҷозат дода шудааст, гулкарам мебошад. Таркиби он дорои бисёр витаминҳо ва минералҳо мебошад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, парвариши гулкарам дар Тоҷикистон солҳои 50-уми асри 20 дар водии Ҳисор оғоз ёфт. Дар ҷумҳурӣ асосан навъҳои «Ватанӣ» (миёнапазак- 100—110 рӯз) ва «Барфак» (тезпазак- 90-100 рӯз) парвариш мешаванд. Ниҳоли гулкарамро дар ду давра — баҳор (моҳи май мепазад) ва тирамоҳ (моҳи сентябр — ноябр мерасад) мешинонанд.

Гулкарам аслан аз кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин дар ҷаҳон паҳн гардидааст. Аввалҳо онро карами суриёӣ мегуфтанд. Ибни Сино истеъмоли карами суриёиро дар зимистон ғизои муфиду шифоангез мешуморид. Гулкарамро бори нахуст набототшиноси араб Ибни Байтор тавсиф намудааст. Онро фақат дар Сурия ва дигар мамолики араб парвариш менамуданд.

Асри 12 гулкарамро арабҳо ба Испания бурданд. Баъдтар он аз Сурия ба Кипр бурда шуд. Дар Кипр парвариши гулкарам ривоҷу равнақ ёфт ва ин кишвар садсолаҳо мамолики Аврупоро бо тухмӣ таъмин менамуд.

Асри 14 баъзе навъҳои гулкарамро дар Фаронса, Италия, Ҳолланд ва Англия низ мепарвариданд. Тақрибан 200 сол қабл гулкарам аз Ҳолланд ба Русия бурда шуд. Феълан гулкарам дар тамоми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Чин ва Ҷопон парвариш карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2024 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд