«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид – занон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқотии занон шинос гардида, аз сиёсати илмпарваронаи давлату Ҳукумат ва нақши меҳварии занону духтарон дар рушди илми муосир ёдовар шуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ намояндагон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ба таври маҷозӣ иштирок ва маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки конференсия 13 сол инҷониб дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «бешубҳа, саҳми занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар пояи давлату давлатдорӣ хеле бузург аст. Аз саҳифаҳои таърихии илми тоҷик бармеояд, ки занони тоҷик дар кушодани уфуқҳои нави давлатдорӣ саҳми бузург гузоштаанд».
Занони олиму ихтироъкор чун сарвари институтҳо ё гурӯҳҳои калони илмӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар рушди илми муосир саҳми назаррас гузошта, барои ба таҳқиқоту пажӯҳиши илмӣ ҷалб намудани ҷавонон талоши зиёд менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз 13 ба 48 адад расида, бештари занон ба таҳқиқи рисолаи илмӣ машғул ҳастанд. Ин раванд барои пешрафти илми тоҷик хушҳолкунанда аст.
«Имрӯз воқеан ҳам шумораи бештари омӯзгорон аз ҳисоби занон аст. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки бо вуҷуди саводноку дӯстдори касби хеш будани онҳо ҳанӯз мо ба мақсади асосӣ- тарбияи сазовори насли наврас дар руҳияи хештаншиносию меҳанпарастӣ нарасидаем. Зеро аксари омӯзгорони ҷавон побанди мушкилоти оилавию рӯзгордорӣ буда, занаҳои таҳсили касбиро ба тариқи ғоибона мехонанд. Дар натиҷа аз дониш ва кор бо технологияҳои муосир чандон баҳраманд нестанд», – баён дошт Дилрабо Мансурӣ.
Муовини Сарвазири мамлакат изҳор кард, ки бо вуҷуди он ки солҳои охир теъдоди зиёди занону духтарон рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, вале бештари онҳо дар риштаҳои илмҳои гуманитарӣ муваффақ ҳастанд. Ҳол он ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ниёз ба мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникию технологӣ дорад.
«Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки аз зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар замири насли ҷавон, хусусан занону духтарон майл ба илмҳои дақиқ ва техникаю технологияро бедор намоем. Зеро Тоҷикистон имрӯз дар соҳаҳои саноати сабук, канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, кӯҳкорӣ ва технологияи хӯрокворӣ ба мутахассисони касбӣ бештар ниёз дорад», – иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки 75 фисади барномасозони ҳирфавии давлати Сингапурро занон ташкил медиҳанд. Тибқи таҳқиқоти коршиносон, саҳми занон дар рушди илмҳои ҷаҳонӣ ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни конференсия вобаста ба нақши меҳварии занону духтарони олим ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, дастовардҳои илмии занон дар самтҳои мухталифи илмӣ ибрози назар намуда, дар сатҳи байналмилалӣ доир гардидани чорабинии илмиро қадами муҳим барои занони соҳаи илми мамлакат арзёбӣ намуд. Зеро имрӯз занону духтарони тоҷик барои дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти нодир ҷоизадорони байналмилалӣ маҳсуб шуда, илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
«Баргузории конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» яке аз он чорабиниҳои илмие мебошад, ки барои муаррифии таҳқиқоту пажӯҳиш ва ихтирооти илмии занон заминаи мусоид фароҳам меорад. Мақсади он эътирофи саҳми занон дар инкишофи илм ва корҳои илмии онҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳаёту фаъолияти занону духтарон, таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ ва дар ин ҷода фароҳам овардани имконияти баробар барои мустаҳкам намудани базаи илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад»,-гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Дар айни замон шумораи занони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад. Дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи занон 1093 номзади илм, 159 доктори илм, 95 профессор, 700 дотсент ва 1 050 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 102 нафар магистрант ва 75 докторанти PhD занону духтарон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки конференсия дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он дастовардҳои илмии олимзанони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон муаррифӣ гардид.
Дар фарҷом як зумра занони фаъоли соҳаи илм ва ихтироот барои саҳми арзанда дар рушди илми тоҷик бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ва ҷалби бештари духтарон ба корҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
Дар мавзуи нақши осорхонаҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Олимони тоҷик нахустин маротиба тавозуни массаи зимистонаи пиряхҳоро дар Помир таҳқиқ карданд






