Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад

Февраль 27, 2026 13:00

ДУШАНБЕ,  27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои 1 март бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 12 то 26 дараҷа мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Аз 27 феврал то 2 март дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Хатлон аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва 2 март дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорат паст шуда, то 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то 8+13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Аз 28 феврал то 1 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, 2 март дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм ва 2-3 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 28 феврал то 1 март ҳавои бебориш  пешгӯӣ мешавад. 2-3 март дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо 3 март дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 27, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид