МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад

Март 23, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс буда, аз меъёр зиёд намудани он сабаби вайрон гардидани кори узвҳои ҳозима мегардад. Дар натиҷа шахс ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, мубталои бемории дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) мегардад. Бахусус дар ҳолати холӣ мондани меъдаи инсон якбора истеъмоли зиёди хӯрок ва  нодуруст хӯрдани ғизо ба саломатӣ зарар дорад, иброз дошт доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.

«Дар ҳолати холӣ будани меъда инсон бояд ба таври муътадил об нӯшад: дар ҳар ним соат шахс бояд 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намояд. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза низ хеле фоиданок аст», — гуфт мутахассис.

Ғизошинос истифодаи нӯшокиҳои газдорро дар меъдаи холӣ тавсия намедиҳад, балки мегӯяд, ки дар чунин ҳолат шахс бояд бештар чойи сабз нӯшад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти шириро низ зарур мешуморад.

Ба гуфтаи табиб, аз меъёр зиёд  хӯрдан бисёр вақт сабаби бемории фарбеҳӣ мешавад. Фарбеҳӣ инсонро ба бемориҳои дил, фишори хун, санги гурда, диабети қанд ва камҳаракатӣ мубтало месозад.

Ба тавсияи доктори илҳои тиб, беҳтар он аст, ки хӯроки равғанину гӯштӣ бо сабзавот истеъмол шавад. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол менамоед, чой нанӯшед. Бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан зарур нест, балки 40 дақиқа бояд тоқат намуд. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани ин қоида ҳам хушқаду қомат мемонед ва ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад.

Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лимӯ ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол бояд овард. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта намуд.

Ба тавсияи мутахассис, сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст. Зеро дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуд ҳастанд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот  ва маҳсулоти шириву донагӣ масунияти одамро баланд намуда, аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад.

«Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегардад», -гуфт ғизошинос.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Март 23, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд