Молу маҳсулотро дар «МегаФон Life» фармоиш диҳед ва «Пайкар» онҳоро то назди даратон бурда мерасонад!

Март 19, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Акнун метавонем тавассути замимаи  мобилии MeгаФон Life  дар шабакаи «Пайкар» молу маҳсулотро бихарем ва якбора дастраскуниро ба суроғаи зарурӣ ташкил намоем. Хизматрасонии «Маҳсулот» танҳо дар ҳудуди пойтахт барои фармоишҳо ба маблағи 100 сомонӣ ва зиёдтар  амал менамояд.      

Барои фармоиш зарур аст, ки замимаи «МегаФон Life»-ро кушоед ва  ба «Ҳамён» ворид шуда, дар қисми «Хизматрасониҳо» – хизматрасонии  «Маҳсулот»-ро пайдо кунед. Интихоби молҳое, ки дар шабакаи савдо пешниҳод шудаанд, дар он ҷо дастрас аст. Баъди  гузоштани маҳсулоти зарурӣ ба «сабад» истифодабарандаи замима маблағи харидро ба таври онлайн тавассути маблағҳои «Ҳамён», корти бонкии ба замима пайвастгардида ё кешбэкҳои ҷамъоваришуда  пардохт менамояд.

Хусусияти нодири  хизматрасонии нав он аст, ки корбар дар ҳолати мавҷуд набудани маҳсулоти фармоишӣ дар мағоза аз мушкилии бозгирии маблағ озод мешавад. Пеш аз пардохт оператори шабакаи супермаркетҳои «Пайкар» бо харидор тамос гирифта, таркиби  фармоишро мушаххас менамояд. Дар ин марҳила,  метавонем дохили сабадро иваз намуда,  молу маҳсулотро бо хоҳиши худ илова ё хориҷ намоем. Барои ин дигар вориди замима шудан  лозим нест, арзиши ниҳоии фармоиш ба таври автоматӣ гирифта мешавад. Дар натиҷа харидор маҳз маблағи ҳамон маҳсулотеро пардохт менамояд, ки ба суроғаи гуфтаи  ӯ  дар ҳудуди  шаҳри Душанбе расонида  мешавад.

Шартҳои бурдарасониро шабакаи супермаркетҳои «Пайкар» муайян менамояд. Маблағи камтарини  харид тавассути замима 100 сомониро ташкил медиҳад. Фармоишҳо аз ҷониби хадамоти мизоҷони «Пайкар» дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 21:00 ва дар рӯзҳои истироҳат аз 8:00 то 17:00 қабул мешаванд. Арзиши молрасонӣ  аз варианти интихобшуда вобаста аст, яъне дастраскунӣ давоми  2 соати наздик  20 сомонӣ, таъҷилӣ (на дертар аз 40 дақиқа) — 50 сомонӣ арзиш дорад.

Зимнан, корти бонусии «Пайкар» низ дар ҳолати дода шудани  он ба ҳамон рақами телефон  ба таври автоматӣ ба замимаи мобилӣ пайваст мегардад. Холҳои бонусӣ ҳам баъди ҳар як харид дар шабакаи савдо ба таври автоматӣ пешниҳод мешаванд. Бо худ гирифтани  корти аслӣ дигар зарур нест, чунки ҳангоми рафтан ба  супермаркетҳои «Пайкар» танҳо ба хазинадор нишон додани шакли электронӣ дар «МегаФон Life» кифоя аст.  МегаФон Тоҷикистон низ дар доираи барномаи «Раҳмат» холҳои бонусии худро тақдим менамояд.

Бо  хизматрасонии «Маҳсулот» хариди муносиб анҷом дода, якбора аз ду ширкат бонус  гиред!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 19, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд