НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд

Март 4, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иштироки занон дар идоракунии давлат, татбиқи  барномаҳои амали ҳукумат, тарҳрезии нақшаву стратегияи рушди ҷумҳурӣ  ба ҳукми анъана даромадааст. Тартиб ва тарзи иштироки занон дар давлатдории кишварҳои дунё ба ҳамдигар монанд нест, зеро ҳар мамлакат анъанаҳои миллӣ, давлатдорӣ, таърих ва фарҳанги хос дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд аз ҷумлаи давлатҳои муваффақ ва   пешрав дониста мешавад. Танҳо дар муддати кӯтоҳи даврони истиқлолият баланд рафтани на танҳо нишондиҳандаҳои хуби оморӣ, ҳамчунин рушди сифатии иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ аз воқеияти зиндагӣ мебошад, — чунин омадааст дар мақолаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода, ки ба муносибати Рӯзи Модар ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст.

— Дар Тоҷикистони то даврони соҳибистиқлолӣ шумораи вазирон аз ҳисоби занон ангуштшумор буд. Чунончӣ, соли 1928 Уғулой Шамсиддинова ба ҳайси Вазири маориф (солҳои 1950-1953), Мунаввара Қосимова Вазири саноати сабук (солҳои 1954-1957), Анзурат Раҳимова Вазири таъминоти иҷтимоӣ (солҳои 1954-1957),  Ҳамро Тоирова Вазири сохтмони шаҳрӣ ва деҳот (солҳои 1957-1961) ва  Гулнора Пӯлодова Вазири тандурустӣ фаъолият намудаанд.

Дар ҳайати парлумони соли 1995 ҳамагӣ 5 зан фаъолият дошт,  ки дар қабули қонунҳо саҳм мегузоштанд.

Дар баробари ҳамин иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ нигаронкунанда буд, дур мондани  духтарони минтақаҳои дурдаст аз мактаби миёна, никоҳи бармаҳал, ҳодисаҳои бисёрникоҳӣ маъмул гашта буданд. Масъалаи амнияти духтарон низ вуҷуд дошт.

Тавассути сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 фармони Президент «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон» ба имзо расид. Ин фармон имконият дод, ки ба воситаи квота дар ҳама сатҳи роҳбарӣ аз ҳисоби занон намоянда бошад, дар 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва марказҳои вилоятӣ муовинони раис аз ҳисоби занон таъйин шуданд. Ин сиёсати пайгирона ва системавӣ ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон равона шуда буд ва тавре ҳаёт нишон дод, ин сиёсат натиҷаҳои хуб дод.

Аз соли 2000 то соли 2010 барномаи аввалини давлатӣ дар бораи фаъолгардонии нақши занон самти кори онҳоро мушаххас намуд. Барои фарогирии духтарон ба мактаби олӣ квотаҳои президентӣ қабул шуданд, ки тибқи он аз минтақаҳои дурдаст духтаронро ба мактаби олӣ қабул намуда, бо хобгоҳ таъмин мекарданд. Ҳамчунин барои таҳсили донишҷӯёни болаёқат стипендияҳои президентӣ таъсис шуданд. Натиҷаи ҳамин дастгирӣ ва эътимод ба донишу маҳорати занон буд, ки танҳо дар 31 соли Истиқлоли мамлакат шумораи вазирон аз ҳисоби занон 11 нафар шуд, ки ин нишондиҳанда аз шумораи вазирзанони давраи собиқ болотар аст.

Чунончӣ, Тамара Абдушукурова Вазири фарҳанг дар солҳои 1990-1992,  Бозгул Додхудоева Вазири маориф дар солҳои 1992-1994, Мунира Иноятова Вазири маориф дар солҳои 1994-2000, Рафиқа Мӯсоева Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  солҳои 2001-2003, Қимат Рустамова Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  солҳои 2000-2003, Раъно Абдураҳмонова Вазири тандурустӣ дар солҳои 2003-2004, Сумангул Тағоева солҳои 2013-2020, Гулнора Ҳасанзода аз соли 2023, Зулфия Давлатзода, солҳои 2019-2024, Матлуба Сатториён аз соли 2024 дар мақоми вазирӣ фаъолият намуданд. Ҳамчунин дар даврони Истиқлоли Ватан дар мансаби муовинони Сарвазир 9 нафар зан доир ба масъалаҳои идеологӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ адои вазифа намудаанд. Инҳо Зебо Аминзода солҳои 1992-1993, Бозгул Додхудоева солҳои 1994-1999, Нигина Шаропова солҳои 1999-2004, Хайринисо Юсуфӣ солҳои 2004-2008,  Руқия Қурбонова солҳои 2008-2013, Марҳабо Ҷабборӣ солҳои 2013-2016, Ширин Исматуллозода соли 2020, Матлуба Сатториён солҳои 2021-2024 ва Дилрабо Мансурӣ аз соли 2024 мебошанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷзияи шохаҳои давлатдорӣ дар асоси қонунгузории мамлакат  мушаххас шудааст. Яке аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ мақоми қонунгузори ҷумҳурӣ – парламенти касбӣ аст. Вобаста ба нақши занон дар пешрафти фаъолияти парламенти касбии мамлакат дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бояд гуфт, ки дар замони авҷи нооромиҳои дохилӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шумораи вакилзанон дар ҳайати вакилони даъвати дувоздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 320 вакили ҳалқ ҳамагӣ 7 нафарро ташкил медод.

Дар даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- солҳои 1995-2000 шумораи вакилзанон танҳо 5 нафарро ташкил дод.

Бо таъсиси парламенти касбии дупалатагии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи вакилзанон ду маротиб афзуда, дар палатаи болоӣ 5 аъзо ва дар палатаи поёнӣ шумораи онҳо 10 нафарро ташкил дод, ки инро метавон ба қабул ва ба имзо расонидани якчанд қонун ва қарорҳои гуфташудае, ки аз ҷониби роҳбарияти мамлакат қабул гардиданд, нисбат дод. Албатта, ин саодати бузургро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занон муҳайё гардониданд. Маҳз фароҳам гардидани шароити баробар ва кушоиши уқдаҳои қолабӣ имкон дод, ки занон дар баробари иҷрои рисолати муҳими ҳаётӣ дар арсаи сиёсат низ муваффақ бошанд.

Аз оғози даъвати сеюми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- солҳои 2005-2010 шумораи вакилзанон дар Маҷлиси миллӣ ба 4 нафар ва дар Маҷлиси намояндагон ба 11  нафар расид. Дар даъвати чоруми Маҷлиси Олӣ шумораи вакилзаноне, ки дар Маҷлиси намояндагон фаъолият менамуданд, ба 12 нафар расид. Дар даъвати панҷум 7 нафар дар Маҷлиси миллӣ ва 12 нафар дар Маҷлиси намояндагон фаъолияти пурсамар доштанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сафи занони тоҷик дар Парлумони мамлакат зиёд гардид ва имрӯз вакилзанон дар пешрафти ҷомеа нақши бориз доранд. Дар айни замон 8 зан узви Маҷлиси миллӣ ва 16 вакилзан дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолияти пурсамар доранд, ки бо дониши баланду мавқеи устувор дар таҳияи қонунҳо саҳм мегузоранд. Теъдоди вакилзанон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо низ чанд маротиба афзудааст.

Боварии мардумро сазовор гардидани вакилзанони Парлумон далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба зан ба андозаи кофӣ арҷ гузошта мешавад.

Аз ҷониби вакилзанон даҳҳо лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод ва мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтаанд. Занон – вакилон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, мушкилоту масъалаҳои интихобкунандагон, хусусан занҳоро то ҷои имкон ҳал менамоянд. Саъю талоши ҳамешагии онҳо ба ободонии Ватан ва беҳбуди рўзгори мардум равона шудааст. Дар баробари рисолати модар будану тарбияи фарзандро бар уҳда доштан афзалият ва мақоми вакилзанон дар ҷомеа боз ҳам пурарзишу арҷманд гардидааст.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб  мешаванд».

Бо истифода аз минбари муътамад — АМИТ «Ховар» дар арафаи Рӯзи Модар ба тамоми занону духтарон тансиҳатӣ ва ободиву осоиштагии Ватани азизамонро таманно дорам.

Раъно МАҲМУДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Март 4, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт