Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии 5+1 дар Алмато иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 март дар Алмато Форуми тиҷоратии 5+1 (B5+1) баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ҳукумат ва соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.
Дар форум иштирок ва суханронии намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Форум минбари баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва пешниҳоди қадамҳои мушаххас барои ҳалли онҳо гардида, ҳамчун оғози расмии платформаи В5+1, ки он моҳи сентябри соли 2023 дар нишасти сарони давлатҳо дар Ню Йорк пешниҳод шуда буд, хизмат менамояд. Давоми ду рӯзи форум доираҳои тиҷоратӣ назарашонро оид ба ояндаи иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳамчун бозори ягонаи минтақавӣ изҳор менамоянд.
Дар назар аст, ки форуми B5+1 таваҷҷуҳи ҷомеаи тиҷоратии байналмилалиро ҷалб намуда, ба ташкили муносибатҳои шарикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади шукуфоии муштараки иқтисодӣ мусоидат намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






