Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо инстинод ба ин кумита.
Дастурхони идона ороёфта маҳсули дасти коргарзанони ин кумита ва ифодагари суннатҳои наврӯзӣ буд. Иброз гардид, ки анъанаи бо ҳафтшину ҳафтсин оро додани дастурхони наврӯзӣ таърихи дерина дошта, то замони мо омада расидааст.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода зимни ҷамъомад иброз намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буда, чун оғози тозаи зиндагӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
«Яке аз суннатҳои наврӯзӣ бахшиши гуноҳҳо, аёдати пирону барҷомондагон, дасти кумак дароз намудан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон буда, махсусан баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ чунин амалҳои неку созанда, аз ҷумла дар доираи таҷлили Наврӯз бояд бештар гардад. Мо аз худнамоишдиҳию хурофотпарастӣ ва тарғиби либосу фарҳанги бегона худдорӣ намуда, қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бояд ба таври ҳатмӣ риоя намоем»,- афзуд Ориф Хоҷазода.
Гуфта шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат покизагии муҳити зисту истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ изҳор намуда буданд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки моро мебояд анъанаҳоеро, ки ниёгонамон вобаста ба фарорасии баҳор ва оғози мавсими киштукор иҷро менамуданд, сарбаландона идома дода, ба кори ҳаррӯза табдил диҳем.
Наврӯз иди некиву покизагӣ буда, ба ҳар хонадон файзу баракат меорад. Ин аст, ки ҳамаи мову шумо муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва коштани нахустин донаҳои умедро бесаброна мунтазир мешавем.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






