НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Ғолибони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ муайян шуданд

Март 18, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Мусобиқа дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе аз рӯи 8 бахш дар масофаҳои 1200 ва 1800 метр доир гардид.

 Ғолибони мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ:  

Масофаи  1200 метр байни аспҳои зоти тоҷикии дусола

  1. Шукрулло Усмонов бо асп бо лақаби «Марҳабо»
  2. Аминҷон Абдуқодиров бо асп бо лақаби «Бурак»
  3. Фирдавс Саломов бо асп бо лақаби «Ледная ноч»

Масофаи 1200 метр байни зоти аспҳои ахалтекин

  1. Саломов Фирдавс бо асп бо лақаби «Сарбаланд»,
  2. Манучеҳр Шарофиддинов бо асп бо лақаби «Стелла»
  3. Меҳроб Шамшеров бо асп бо лақаби «Самарқанд»

Масофаи 1200 метр байни зоти аспҳои Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»- зоти аспҳои омехта

  1. Юнусов Ёқубҷон бо асп бо лақаби «Султон»
  2. Чобуксавор Амрулло Ҷамилов бо асп бо лақаби «Шамол»
  3. Азамат Ҷумаев бо асп бо лақаби «Заврақ»

Дар пойга дар байни зоти аспҳои омехта Фирдавс Саломов тавонист бо асп бо лақаби «Сентуриён» ғолиб гардад.

Ғолибон бо мукофоти пулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ барои ҷои аввал, 7 ҳазор сомонӣ барои ҷои дуюм ва 5 ҳазор сомонӣ барои ҷои сеюм, инчунин медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 18, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд