Пагоҳ дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 март, соати 10:00 дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ гузаронида мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозии миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун ойини деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






