РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 28 406 муроҷиат дар як сол барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Аввалин бонки молиявии хурд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад. Ба ин муносибат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамсола 15 март- дар Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон силсилаи чорабиниҳои гуногуни тантанавӣ ва омӯзишӣ доир мегардад. Бояд гуфт, ки аввалин маротиба ин рӯзро дар Швейтсария соли 1999 дар конфронси умумиҷаҳонӣ ид карданд. Бахшида ба ин сана ҳоло шарҳи Аввалин бонки молиявии хурд манзури хонандагони гиромӣ мегардад:
— Аввалин бонки молиявии хурд баҳри риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, дигар қонунҳо ва қарорҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, фаъолияти назаррас ва пурсамар дорад. Ин қонун муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон ва иҷрокунандагонро ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян менамояд. Дар ин росто, Аввалин бонки молиявии хурди Тоҷикистон мутобиқи стандарҳои байналмилалӣ амал намуда, ба истеъмолкунандагон хизматрасонии муфидро бо риояи тамоми меъёрҳои ҳуқуқии онҳо пешниҳод намуда, низоми кори худро низ дар асоси ин меъёрҳо пурра ба роҳ мондааст.
Дар Аввалин бонки молиявии хурд Маркази алоқа фаъолият менамояд, ки аз шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дархосту шикоят ва муроҷиат ҷамъоварӣ намуда, онҳоро дар наздиктарин фурсат баррасӣ ва ҳал менамояд. Марказ мувофиқи дархосту муроҷиат ва шикояти муштариён сохтор ва шахсони масъули Бонкро уҳдадор менамояд, то онро баррасӣ ва ҳал намуда, аз рафти он ба Марказ ҳисобот пешниҳод намоянд. Маркази алоқа иҷрои тамоми дархосту муроҷиатҳоро пурра назорат менамояд.
Муроҷиати шаҳрвандон имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ: Телеграмм, Вайбер, Ватсап ва ғайра ва ҳамчунин почтаи электронӣ, телефонӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ мерасанд, ки пурра пайгирӣ мешаванд. Ҳолати иҷрои муроҷиат, дархост ва шикоят аз ҷониби кормандони масъули шуъбаҳои дахлдор, ки ба интиқоли маблағҳо, мушаххасоти суратҳисоб, иқтибос, интернет-банкинг, супоришномаи пулӣ, SMS ва ғайра масъул мебошанд, дарҳол ба Маркази алоқа ирсол мешавад ва дар он ҷо сабт гардида (менеҷери Марказ оид ба ҳалли дархостҳо дар қайди иҷро сабт менамояд), ба менеҷер оид ба хизматрасонии мизоҷон пешниҳод мешавад. Инчунин аз ҷониби шахсони мутасаддии филиалҳои Бонк ва МХБ аввали ҳар моҳ оид ба сабти муроҷиатҳо ва дархостҳо — шикоятҳо маълумот пешниҳод мешавад. Менеҷери хизматрасонии муштариён ҳолатҳои пешниҳодшударо оид ба иҷро пурра ва дақиқ санҷида, аз рафти он ҳар моҳ ба шуъбаи хавф ҳисобот пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин дар баробари ин, дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонк китоби бақайдгирии муроҷиат ва дархостҳо мавҷуд аст, ки ҳар рӯз омӯхта шуда, масъалаҳои дар он дарҷёфта пурра баррасӣ ва ҳал мешаванд.
Мувофиқи омори Маркази алоқаи Аввалин бонки молиявии хурд соли 2023 28406 муроҷиат, дархост ва шикояти мизоҷон қабул шудааст, ки1552-тои он ба SMS-хабар, интиқоли маблағҳо, интернет-банкинг, қарзҳо, кортҳои бонкӣ тааллуқ мегиранд ва боқимонда пурсишҳои одии маълумотӣ, аз ҷумла икдоми бонкӣ, суроғаи марказҳо, рақами телефонҳои бонк ва ғайра мебошанд, ки комилан баррасӣ шуда, ҳалли худро ёфтаанд.
Давоми ду моҳи соли 2024 (январ ва феврал) тавассути почтаи электронӣ, телефон, шабакаҳои иҷтимоӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамагӣ 5102 муроҷиат ворид шудааст, ки аз ин 513-то ба SMS-хабар тааллуқ дошта, боқимонда ба интиқоли маблағҳо, интернет-банкинг, қарзҳо ва кортҳои бонкӣ, ҳамёни мобилӣ тааллуқ мегиранд. Хусусан дар ин давра дар бораи истифодаи ҳамёни моблии Бонк, ки FMFB Mobail ном дорад, зиёд ворид шудааст. Дар маҷмуъ ҳамаи муроҷиатҳо пурра баррасӣ гардида, ҳалли худро ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки Маркази алоқа яке аз марказҳои пуриқтидори Бонк буда, дар он мутахассисони баландихтисоси соҳа фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин дар тамоми маълумоти чопӣ, шифоҳӣ ва навории Бонк, ки ба ҷомеа оид ба хизматрасониҳо ва ғайра пешниҳод мегарданд, рақами телефони боварии Бонк (0909) ва дигар маълумоти асосӣ оварда мешаванд.
Аз ин рӯ, Аввалин бонки молиявии хурд пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мизоҷон боз ҳам наздиктар бошад ва дархосту пешниҳод ва шикояти онҳоро асоси пешрафти фаъолияти худ медонад ва аз ҳуқуқи онҳо ҳамеша дифоъ менамояд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (15 март) такроран ёдовар шудан мехоҳем, ки ҳуқуқи шумо –мизоҷони азиз ва умуман истеъмолкунандагони хизматрасонии бонкӣ дар фаъолияти мо дар мадди аввал аст ва аз ин рӯ, мо аз дилхоҳ дархосту муроҷиати шумо пуштибонӣ менамоем.
Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи шумо муборак бод.
Телефони боварӣ:
Аввалин бонки молиявии хурд: 0909;
Бонки миллии Тоҷикистон: (+992) 44 600 15 20.
АКС: Аввалин бонки молиявии хурд