Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос гардиданд

Март 2, 2024 13:12

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба муовинон ва раисони ноҳияҳо дастур доданд, ки барои сари вақт тоза намудани барф аз назди биною корхона ва мағозаву фурӯшгоҳҳо корбарӣ намуда, баҳри омода намудани каналу селпартоҳо ва таъмин намудани сокинон бо оби ошомиданӣ ва неруи барқу гармӣ чораҳои судманд андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҳама қишрҳои ҷомеа баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва сарфаю сариштакорӣ тақвият бахшанд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 2, 2024 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид