Роҳбарияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе ба пояи лавҳаи хотира дар назди Сафорати Русия гул гузошт
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 март роҳбарият, кормандон, ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба пояи лавҳаи хотира дар назди Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони ҳамдардӣ ба мардуми дӯсти Русия дар робита ба фоҷиа дар «Крокус Сити Холл» рухдода гул гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
«Мо аз ин фоҷиа, ки ҷони мардуми бегуноҳро гирифт, сахт андуҳгин ҳастем ва онро ҳамчун дарди шахсӣ қабул менамоем. Мо ба хонаводаи фавтидагон таслият баён намуда, ба осебдидагон шифои оҷил орзу дорем», — омадааст дар изҳороти донишгоҳ.
АКС: филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






