САҲМИ МАН-ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ МАН. Дар сойи Тебалайи Кӯлоб ҳашари тозакорӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои тоза намудани сойи Тебалай бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҳашари «Саҳми ман — дар ободонии шаҳри ман» гузаронида шуда, партовҳо аз сойи мазкур бароварда шуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Новобаста аз ташкил намудани ҳашарҳои тозагӣ, мутаассифона, аз ҷониби аҳолӣ нисбат ба ин масъала беэътиноӣ зоҳир мегардад. Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва сокинон новобаста ба он ки дар ҷойҳои муайян қуттиҳои партов гузошта шудаанд, боз ҳам партовҳо ба сойи Тебалай партофта мешаванд.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар шаҳрванд, алалхусус аҳолии назди сойи Тебалай хоҳиш менамояд, ки ба чунин амалҳо хотима бахшанд, зеро ҳамагон бояд тозагиро риоя намуда, дар фикри саломатии худ, фарзандон ва ҷомеа бошанд.
Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем сойи Тебалайро аз партовгоҳ шудан наҷот диҳем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






