САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад

Март 19, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми 24-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 дар «Кохи Сомон» пешниҳод шуд ва бешак, он аз ҷониби кулли ҷомеа, хосса аҳли илму маориф  истиқболи  самимона пайдо намуд. Ин Паёми мубораку  раҳнамо  дурнамои  воқеии рушди бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи Тоҷикистонро барои як сол ба таври воқеӣ ва бар пояи заминаҳои мавҷуда, имконияти   иқтисодиву  иҷтимоӣ пешбинӣ намуд. Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳалталаби  кулли  соҳаҳои хоҷагии  халқи  мамлакат, минҷумла илм, маорифу фарҳанг, масоили занон,  сиёсати давлатии  ҷавонон, хосса  тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҷилавгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба ҳизбу  ҳаракатҳои тундрав, таъмини  амнияти миллӣ ва амсоли ин аз ҷумлаи бахше  аз масоили мубрами имрӯз буданд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон  ба таври возеҳ  шарҳу тавзеҳ пайдо намуданд.

Агар ин бахши аъзами Паёми Президенти Тоҷикистонро бечуну чаро «даъват ба тавлиду эҷоди сармояи инсонӣ» унвон намоем, хато намешавад. Чуноне ки Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд,  рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Ҳамзамон рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бузургтарин афзалият дар рақобати мамлакатҳо доштани неруи инсони тавонманд маҳсуб мешавад. Аҳамияти сармояи инсонӣ дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин мавзуъ мебошад, ки дар Паёми Президенти мамлакат иброз гардид. Аз ҷумла, Президенти ҷумҳурӣ гуфтанд, ки «рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад».

Ба ҳамин асос, даҳаи охири қарни 21-ро  асри «тавонмандсозии сармояи инсонӣ» номидаанд. Қабл аз ҳама оид ба маънии мафҳуми сармояи инсонӣ чанд назарияи ҷолибро манзур менамоем. Аз дидгоҳи мутахассисон ва назарияпардозони мухталиф, сармояи инсонӣ воҳиди омехта аз дониш, маҳорат, таҷриба ва ангезаи фард аст, ки дар маҷмуъ онро ба унвони дороии арзишманд ва бунёдӣ дар сохтори  ҷомеа ва иқтисоди ҷаҳонӣ таъриф  менамоянд. Сармояи инсонӣ ба унвони манбаи асосӣ барои тавсеа ва пешрафт на танҳо нақши боризе дар беҳбуди шароити зиндагии мардум дорад, балки ба унвони муҳаррики аслӣ барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ шинохта шудааст. Инсони донишманду ботаҷриба ва бомаҳорат, ки дорои сифати ихтироъкорӣ аст, дар пешрафти ҷомеаи муосир ба ҳайси сармоягузорони иститутсионалӣ ба шумор мераванд ва бо тавонмандиҳояшон ба унвони макрокомпонентҳои калон қудратҳои иқтисодиро дар иҷтимоъ амалӣ менамоянд.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки иттилоот бо суръат густариш меёбад ва дониш ба унвони яке аз аркони аслии тавсеа шинохта мешавад, нақши сармояи инсонӣ ба унвони муҳимтарин омил дар таъйини ростои пешрафти ҷомеа ба маънои воқеӣ вижатар мешавад. Сармояи инсонӣ дар асри XXI боарзиштарин, болотарин ва бузургтарин дороии ҳар мамлакат маҳсуб мешавад.

Одамони боистеъдод ва коршинос дар сармояи инсонӣ омили асосии рушди иноватсия ва технология мебошанд. Бавуҷудоварандаи шароите, ки одамон ба масъалаҳо муносибати эҷодкорона ва соҳаи маориф, илм, технология, тандурустӣ, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурии мо нақши пешрафта дошта бошанд, қабл аз ҳама, мактабу муаллим аст. Омӯзгор аст, ки  сармояи инсониро месозад. Зеро тавсеаи фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар ҷомеа мутаассир аз  дарси муаллим аст. Муаллим чӣ гуна метавонад сармояҳоро ҳифз кунад ва ба тавлиди дониш ва хирад дар ҷомеа кумак намояд?

Пеш аз ҳама, бояд мутолиагар бошад, зеро афзоиши иттилооти ӯ ҳам самара ба худи омӯзгор мешавад ва ҳам донишомӯзонро ба китобхонӣ водор менамояд ва сониян барои худтаҳқиқӣ, яъне такмили донишаш ва аз худ намудани донишҳои нав пайваста машғул шавад. Кӯдакон ва наврасон бисёр ба рафтори дигарон, хосса, волидон ва омӯзгорон таваҷҷуҳ мекунанд ва ба онҳо тақлид менамоянд. Агар омӯзгор ва волидон китобхон набошанд, талаба ҳам китоб намехонад, ки имрӯз ин яке аз дардҳои ҷомеаи мо аст. Бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари ҷумҳурӣ яке аз тадбирҳои ба китобхонӣ водор намудани муаллимон, волидон ва кӯдакону наврасон, дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа мебошад.

Дақиқан, омӯзгорон  бояд таълим ва тарбиятгари донишомӯзон, яъне ояндасозони ҷомеа бошанд ва агар ба ин рисолати хеш аз паси панҷа нигоҳ кунанд, низоми таълим ва тарбия бо ихтилоф рӯ ба рӯ меояд. Имрӯз ҳама ниҳодҳое, ки ба таълим ва тарбияи насли наврас машғул ҳастанд, пеш аз ҳама, худашон бояд рушд намоянд, онҳо бояд сармояи инсонӣ бошанд, яъне донишманду ботаҷриба, бомаҳорат ва дорои сифати халоқият. Ин дар ҳоле ба амал меояд, ки  муаллим ҳар рӯз дар пайи таҳқиқ, пажуҳиш ва мутолиаи ҳамон фанну илме бошад, ки аз он ба хонандагон дарс мегӯяд (на бо ҳамон бардоште, ки аз донишгоҳ гирифта бошад) ва иттилои наву муосире, ки омӯхт, ба дурустӣ ба донишомӯзон интиқол диҳад.

Яке аз вазифаҳои муҳими муаллим- ин шинохти  маҳорати кӯдак аст, то ба ӯ роҳнамо бошад, ки наврас бо кадом самт равад ва дар кадом ҷабҳа халлоқият дорад. Албатта, ин вазифаро дар синфҳои ибтидоӣ бо ваҷҳи шоиста иҷро бояд намуд, яъне қобилияти кӯдаконро муаллимони синфҳои ибтидоӣ метавонанд муайян намоянд ва ин иқдом ҳамон вақт самара медиҳад, ки муаллим дониш ва таҷрибаи фаровон дошта бошад.

Дар Ҷопон муаллимони синфҳои ибтидоиро аз байни тавонмандтарин омӯзгорон интихоб менамоянд. Дар ин мамлакат омӯзгорон аз ҷиҳати моддию маънавӣ дар сатҳи баланд қарор доранд, то наслҳои имрӯзу ояндаро ба зиндагӣ дар замони оянда омода созанд. Сармояи инсонӣ дар ин мамлакат чӣ гуна аст, пӯшида нест.

Имрӯз дар ҷомеаи мо низ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириву ғамхориҳои бесобиқа нисбат ба соҳаи маориф, хосса ба омӯзгор дар сатҳи шоиста амалӣ шудааст. Дар ҳафт соли охир дар мамлакат 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 48 ҳазор хонанда бунёд шудааст. Бо назардошти нуфузи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар як сол 400 муассисаи таълимӣ бояд сохта шавад ва Ҳукумат нисбат ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳо андешидааст. Аз ин хотир маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ пайваста дар ҳоли афзудан аст, масалан, соли 2024  43 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад. Ба соҳаи маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соли оянда 17 миллиарду 254 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023 1 миллиарду 802 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин баҳри идома додани ғамхории давлат ваҲукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти мамлакат супориш доданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва идрорпулиҳо 40 фоиз зиёд карда шавад. Қобили гуфтан аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 мамлакати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Воқеан, ин ғамхориҳои Ҳукумат ба соҳаи маориф бесобиқа аст, фаромӯш набояд сохт, ки дар ибтидои истиқлолият Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дошт, даҳсолаи аввали он танҳо барои ба даст овардани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезагон аз хориҷи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин барои барқарор намудани харобаҳои ҷанги таҳмилӣ масраф шуда буд, тамоми ҷидду ҷаҳди Ҳукумат ҳамагӣ ду даҳсолаи охир ба рушди босуботи мамлакат равона шудааст, ки дар масири таърих вақт ва роҳи хеле кӯтоҳ мебошад, вале дар соҳаи иҷтимоӣ  дастовардҳо хеле назаррас мебошанд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумат мактабу омӯзгорон раванди таълим ва тарбияро бояд чунон ҷорӣ намоянд, ки дастпарварони онҳо бо дониш, маҳорат, таҷриба ва ангезаи фардӣ тамаддуни бузурги тоҷиконро ба ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Раванди таълим ва тарбияро бояд чунон намоянд, ки муарриф ва ҳомии тамаддуни миллӣ бошанд. Дарси омӯзгор барои шинохт ва тарбияи ҳувияти миллии наврас бояд муассир бошад, яъне боиси тарбияи ҳисси тааллуқ, вобастагӣ ва вафодорӣ ба Тоҷикистон шуда тавонад, фардро масъул намояд, ки ҷиҳати баланд шудани фарҳангаш  бикӯшад ва дар баробари таҳоҷуми фарҳангӣ муқовимат намояд. Яъне ҳувияти миллӣ дар ботини наврасон амиқан шакл гирифта, онҳоро водор намояд, ки қаблан бо худ, бо Ватан ва миллаташон ифтихор намоянд ва ба фарҳангҳою миллатҳои бегона дил набанданд ва дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ,  рушд ва тараққии мамлакат ва хизмат ба халқу Ватан пайваста талош варзанд. Ҳифзи марзу тамомияти арзи ҷумҳуриро қарзи асосии худ ҳисобанд.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд