ШАҲРИ ГУЛРЕЗАМ, ДУШАНБЕ! Пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Наврӯз сарсабз мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар доираи амалишавии 900 рӯзи ободонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, назди корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёна, вазоратҳо ва идораҳо ҳашари умумишаҳрӣ баргузор намуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ тақвият мебахшад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмад Акрампур иттилоъ дод, бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сазовор таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз корҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024» тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд. Ин ҳашарҳо сабаби беҳтар гаштани ҳолати муҳити зист ва баланд гардидани маърифату тарбияи экологӣ мегарданд.
Дар зимн бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 шинонидани 138 ҳазору 768 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ, ба миқдори 12 миллиону 565 ҳазору 98 дона гулҳои мавсимию бисёрсола, лола ва дар майдони 138 ҳазору 443 метри мураббаъ кишт намудани майсазор ба нақша гирифта шуд.
Тибқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, аз аввали мавсим то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 321 ҳазору 729 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида шуд, ки 231,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Гузашта аз ин, дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ба миқдори 1 миллиону 347 ҳазору 355 дона гулҳои мавсимӣ, 1 миллиону 93 ҳазору 707 дона гулҳои бисёрсола ва 6 миллиону 601 ҳазору 728 дона гули лола шинонида шуда, дар майдони 32941 метри мураббаъ сабзазор кишт шуд.
«Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва ба «шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт дар давраи сабзазоркунӣ дар ҳудуди пойтахт ба миқдори 1 миллиону 144 ҳазору 309 дона қаламчаи гули садбарг дар минтақаҳои муайяншуда шинонида шуд», — гуфт Саидаҳмад Акрампур.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе











ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






