Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президенти Русия овоз диҳанд

Март 11, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 март интихоботи Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар интихоботи қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Русия шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар Душанбе ва Хуҷанд овоз  диҳанд.

  “Қитъаҳои интихоботӣ 17 март аз соати 08:00 то 20:00 фаъолият менамоянд. Қитъаи интихоботӣ дар бинои Раёсати консулии Сафорат дар Душанбе дар суроғаи: кӯчаи Абуалӣ ибни Сино, бинои 29/31 ҷойгир мешавад. Қитъаи интихоботӣ дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарё, бинои 21 ҷойгир аст. Илова бар ин, барои хизматчиёни ҳарбии Русия ва аъзои оилаи онҳо 4 қитъаи иловагии интихоботӣ кушода мешавад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд ба яке аз қитъаҳои интихоботӣ шахсан ҳозир шуда, шиносномаи дорои эътибор дар Русия (хориҷӣ, дипломатӣ, хизматӣ, дохилӣ)-ро пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки 8 феврал Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯйхати ниҳоии номзадҳоро барои президентӣ дар соли 2024 тасдиқ намуд:

  1. Даванков Владислав Андреевич, ҳизби «Одамони нав».
  2. Владимир Владимирович Путин, худпешбарӣ.
  3. Слутский Леонид Эдуардович, ҲЛДР.
  4. Харитонов Николай Михайлович, ҲКФР.

АКС аз манбаъҳои боз 

Март 11, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд