СОҲИБ ТАБАРОВ – МУНАҚҚИДИ ВОҚЕЪБИНУ СОҲИБМАКТАБ. Андешаҳои профессор Аламхон Кӯчарзода бахшида ба 100-солагии ин адабиётшиноси маъруфи тоҷик

Март 2, 2024 09:59

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, моҳи августи соли 2024 дар Тоҷикистон 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. АМИТ «Ховар» ба ин муносибат порае аз хотироти узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аламхон Кӯчарзодаро дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Соҳиб Табаров манзури хонандагони сомона мегардонад.

— Соҳиб Табаров (1924-2015) ҳамагӣ понздаҳ сол дошт, ки баъди таълиму тарбия дар ятимхонаҳои Муъминободу Тебалай ва омӯзишгоҳҳои Самарқанд ва Панҷакенту Кӯлоб сокини шаҳри Душанбе шуд ва солиёни зиёд баробари шаҳри дӯстдоштаи худ сабзид, камол ёфт ва дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон ва илми суханшиносии тоҷик нақш гузошт ва умри азизи хешро сарфи хома намуд.

Зиндагӣ ва фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва иҷтимоии ин пири хирад худ намунаи намоёни таҳаввули таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе ва, умуман, Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Соли 1939 мавсуф ба факултети адабиёти Институти давлатии педагогии ба номи Тарас Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), ки он вақт ягона мактаби олӣ дар шаҳри Душанбе буд, дохил мешавад.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқ ба фаъолияти омӯзгорияш тавъам буда, барои насли имрӯзу минбаъдаи миллати тоҷик қобили омӯзиш ва баҳрабардорӣ мебошад. Соҳиб Табаров умри азизи худро ба тадқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии таърихи адабиёти тоҷики қарни ХХ, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, матншиносӣ ва адабиётшиносии муқоисавӣ бахшидааст ва муаллифи беш аз 800 рисола, китоби дарсӣ, воситаву барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.

Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд. Осори қисми кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд.

Дигар аз хусусиятҳои нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.

Асарҳои устод Соҳиб Табаров «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддини Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986) ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми онҳо хоҳ ба эҷодиёти адибони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақиқӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд.

Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто, чунонки шарқшиносони барҷастаи чех Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи замони пеш аз соҳибистиқлолӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард.

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Соҳиб Табаров дар замони соҳибистиқлолӣ бо фаъолияти пурсамар ва омӯзанда бо унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ сазовор гардид. Ҳамчунин, устод барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад. Ёди устоди гиромиқадр Соҳиб Табаров бахайр бошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст