ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 март, сешанбе, 74-умин рӯзи соли 2024 аст
14 марти соли 2011 дар чорчӯбаи Бизнес–форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Карочии Покистон дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Бойигарии Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор гардид.
***
14 марти соли 2011 дар шаҳри Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Агентии иттилоотии телеграфии Русия ТАСС Сергей Михайловро ба ҳузур пазируфтанд.
***
14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба «Маркази Назарбоев» ташриф оварданд.
***
14 марти соли 2022 дар Парлумони мамлакат масъалаи ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо, аз ҷумла масъалаи то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғул ҳастанд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба ҷумҳурӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
14 марти соли 2023 Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт.
14 МАРТ:
Дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура
***
Рӯзи байналмилалии дарёҳо.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдусалом Деҳотӣ- соли 1911 — шоир, нависанда, драманавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
***
Мамадшо Илолов- соли 1948-риёзидон, ходими давлатӣ, академик