ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 март, сешанбе, 65-умин рӯзи соли 2024 аст
5 марти соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов дар озмуни «Берун аз сарҳади Аврупо» Гран-при ба даст овард.
***
5 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Федератсияи Русия Владимир Путинро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия таҳният гуфтанд.
***
5 марти соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи нахустини Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи /КБҲ/ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.
***
5 марти соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Комиссия оид ба фаъолияти мусофирбарии Шурои нақлиёти роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
5 марти соли 2015 фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» нашр шуд.
***
5 марти соли 2018 дар Тоҷикистон Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.
***
5 марти соли 2019 дар Душанбе масоили рушди макроиқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ баррасӣ гардид.
***
5 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардиданд.
***
5 марти соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
5 МАРТ :
Рӯзи байналмилалии огоҳӣ дар бораи яроқ ва паҳн накардани силоҳ.
***
Рӯзи байналмилалии телевизион ва радиои кӯдакона