Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд

Март 28, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи ҳамоиши  наврӯзии «Корвони шодӣ» аз ҷониби Сайид Умари Маъсум — ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии  Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик Сайид Умари Маъсум, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар давлатҳои аврупоӣ кору зиндагӣ менамояд, бо офаридани нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебо  симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намудааст. Сайид Умари Маъсум бо ташаббуси худ симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, онро шахсан ба Президенти мамлакат  тақдим намуд.

Ин тандис аз фулузи биринҷӣ сохта шуда, атрофи он бо нақшҳои гуногуни наботӣ ороиш дода шудааст. Дар маркази тандис чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли барҷаста ва бо санъати баланди ҳунарӣ тасвир гардидааст. Дар қисмати поёнии он бо хати ниёгон «Эмомалӣ Раҳмон» навишта шудааст.

Ин туҳфаи нодир дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳоло туҳфа дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 28, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст