ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Бо ин мақсад дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Март 21, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доир ба таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин вохӯрӣ дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба вилояти Суғд баргузор гардида, мақсад аз он шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид ва  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» буд.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳувияти миллии ҷавонон табодули афкор намуда, гуфт, ки бақои ҳар миллату давлат ва рушди озодонаи ҳар фард ба худшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ вобаста аст. Яъне таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ- кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагӣ дорад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимиамон қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад