ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд доир ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи маърифатандӯзӣ, меҳанпарастӣ ва дар амал татбиқ намудани суханҳои созандаи Пешвои миллат сабаб мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар шинохти зарфияти таърихиамон беш аз пеш муваффақ гарданд ва бо дастовардҳои назаррас мамлакатамонро бештар дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд, ки «мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия намоем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад».
Ҳамзамон иштирокчиён бинобар Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ғолибияти дастаи миллии мамлакат, ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Аз ҷавонон даъват шуд, ки бо истифода аз имконоту шароити муҳайёнамудаи давлату ҳукумат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии илмҳои дақиқ машғул шаванд. Ҳамзамон дар рушду тараққии минбаъдаи давлат саҳми муносиб гузоранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






