Тавсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Бинобар хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ ронандагон бе зарурат ба роҳ набароянд»
ДУШАНБЕ, 04.03.3024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагони воситаҳои нақлиётро ба зарурати риояи низоми бехатари суръат ва масофа ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, инчунин худдорӣ аз ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бе зарурати ҳатмӣ даъват менамояд.
Рӯзҳои охир сард шудани ҳаво ва барфи зиёд дар саросари мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиётро то андозае душвор гардонд. Дар айни замон тамоми қувва ва воситаҳои хадамоти нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба тоза намудани роҳҳои мошингард равона шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-6 март дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Дар ин ҳолат дар ағбаҳо дидани роҳҳо то 500 метр хеле душвор мешавад. Дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Чанок» ва «Душанбе-Қулма», инчунин дар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ аз 4 то 7 март хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи ронандагон мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз идораи воститаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо суръати баланд худдорӣ намоянд, бо худ занҷирҳои зиддилағзиш доштанро фаромӯш насозанд, дар сурати танбашавӣ ба хати муқобили ҳаракат набароянд, ба кори техникаи махсус, ки ба чош додани маводи зиддилағзиш машғул аст, монеа эҷод накунанд. Инчунин дар роҳҳои автомобилгард масофаи 500 метрро байни воситаҳои нақлиёт риоя намудан зарур аст.
Масъулияти бештар ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вогузор шудааст, зеро онҳо вазифадор ҳастанд, ки ҳатто дар шароити мураккаби обу ҳаво ҳамлу нақли саривақтӣ ва бехатари мусофиронро таъмин намоянд. Ронандагонро мебояд дар шароити номусоидии боду ҳаво бо мақсади бехатарӣ бе зарурат ба роҳ набароянд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш ва сабукрав хоҳиш мешавад, ки пеш аз сафар тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ аз маълумот дар бораи обу ҳаво огоҳ шаванд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






