Теъдоди ҳалокшудагони фестивали оташ дар Эрон ба 13 нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон дар фестивали оташ дар Эрон ба 13 нафар расида, 839 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус роҳбари хадамоти ёрии таъҷилии Эрон Ҷаъфар Миадфар иттилоъ додааст. Қаблан дар бораи ҳалокати 10 нафар ва захмӣ шудани 424 нафар хабар расида буд.
«Дар натиҷаи ҳодисаҳои марбут ба таҷлили Чаҳоршанбе-Сурӣ 839 нафар захмӣ шудаанд, ки аз ин шумора 13 нафар ба ҳалокат расида, 381 эронӣ сӯхтаанд, 281 нафар захми чашм бардошта, дасту пойи 63 нафарро буридаанд», — иқтибос меорад суханони Миадфарро агентии Tasnim.
Ба иттилои роҳбари хадамоти ёрии таъҷилии Эрон Ҷаъфар Миадфар, дар арафаи идҳо 1,4 ҳазор истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Танҳо дар Теҳрон дар як шабонарӯз 1,8 ҳазор занг дар бораи хатари сӯхтор ворид шуда, ду сокини пойтахт ҳалок шудааст. Шаҳрвандон асосан дар натиҷаи ҷаҳидан аз болои оташ ва истифодаи нодурусти воситаҳои пиротехникӣ месӯзанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






