ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Чанд андеша дар атрофи ин андарзшиори давр

Март 30, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Борҳо бо ифтихори комил гуфтаанд ва боз ҳам бо як олам тафохур ёдрас мешавем, ки  истиқлол барои ҷумҳурии тоҷикон марҳилаи мубораку муаззам аст. Зеро ин вуруди таърихии барои ҳар кадом хонадони мамлакат воқеан азиз падидаи хайру нек ва умедворкунандае аст, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониён ба амал омад.  

Баъди ҳазор сол таърих бозгашт карду такрор ёфт ва боз Истиқлол фаро расид. Вале оғози ин раванд саҳлу осон тай нагардида, талошу заҳмат ва қурбониҳои зиёд дошт, хеле душвору пурнизоъ буду барои ҳалли монеаҳо аз ҳар хонадони ҷумҳурӣ, хосатан аз шахсиятҳои баору баномусу худогоҳи давр ва аз роҳбарияти ҷумҳуриии навтаъсиси аз чор сӯй мушкилбор ҷасорату матонату донишу таҳаммул тақозо менамуд…

Вақт ҳамаро даррабуд, рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо ба солҳо табдил ёфта, ҳамагӣ моли таърих шуданд. Низоъҳо паси сар шуданд, сулҳу ваҳдати миллӣ падид омад, мароми зиндагӣ ранги дигар гирифт, инкишофу рушд дар ҳама соҳа намоён гардид, ҳамарӯза ҳаёт ба маҷрои бонизом ворид гашт…

Имрӯз Тоҷикистон шукуфон асту лоиқи ситоиши ҳама. Имрӯз парчами ин ҷумҳурии азиз дар байни давлатҳои хурду бузурги олам парафшон аст. Имрӯз Президенти Тоҷикистон сухангӯи минбарҳои баланди ҷаҳонӣ мебошанд ва давлати мо дар қатори садҳо мамлакатҳои бонуфузи олам дар сатҳи ҷаҳонӣ овоз дорад.

Неруи бузурги муттаҳидсозандаи миллату давлат 

Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ва бар замми ин дар қаринаи раванди мураккаби авҷгирии  падидаҳои геополитикӣ давлатҳо ниёз ба қуввае доранд, ки тавоноии муттаҳид намудани халқу миллатро дар роҳи ҳалли масоили давлатӣ дошта бошад. Мо бо сарфарозӣ гуфта метавонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳимтарини муттаҳидсози миллат – Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз мутолиаву таҳқиқот маълум мегардад, ки коршиносону ҷомеашиносони байналмилалӣ ба навгониҳое, ки дар олами сиёсат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод намудаанд, баҳои арзишманд дода, онро «таҳаввулоти тозае дар ҷаҳони сиёсат» номида, ба мамлакатҳое, ки мардумонаш бо ҷангу низоъ рӯ ба рӯ ҳастанд, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуданро тавсия додаанд.   Пас, воқеияти асилу дақиқ аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои наҷибу шинохтаи ҷаҳони муосир буда, бо хираду заковат ва андешаву амали нек тавонистанд таърихи нави халқу меҳанашонро созанду нависанд.

Инак, дар як чакидаи қалам нигориши воқеии сухани муттаҳидсозандаву пурмуҳтаво ва созандаи муҳтарам Пешвои миллатро ки ҳанӯз 9 сентябри соли 2019 дар ростои яке аз идҳои асосии давлатӣ- Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон садо дода буд, мехостам иншо намоям. Ҳамзамон ба ин санаи саъд ифтитоҳи агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» рост омад, ки бозгӯи воқеии рушди устувори ҷумҳурӣ аст.

Ба ин муносибат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи мамлакатро бо суханони самимӣ табрик намуда, бо баландтарин руҳияи ҳувияти миллӣ иброз доштанд: «Тоҷикистон, ба пеш!».

Чунин сухани Пешвои миллатро метавон иборае ном бурд, ки неруи бузурги муттаҳидсозанда дорад. Зеро ин садо аз қалби бузург бархеста, воқеан ҳувиятбахшанда аст. Зеро онро шахсияте гуфта, ки баландтарин ҳувияти миллиро соҳиб мебошанд. Сухани Пешвои миллат дар тақвияти идеологияи миллӣ таъсири вижаи созанда ва  баҳаморанда дорад.

Воқеан, ин андарзшиори Пешвои миллат бори дигар дарку эҳсоси худшиносиву ҳувияти миллии кулли мардуми ҷумҳуриро боло бурд. Хусусан ҷавонон аз ин баён боз неруи дигар гирифтанд. Ин пешсафшиори пурмаънӣ  дар қалбу шуури ҳазорҳо ҷавонони худогоҳу ватандӯст ба зудӣ, ба ҳайси ҷараёни талқинкунандаи накӯиҳо роҳ ёфта, дарку эҳсоси муттаҳид буданро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, марзу буми мамлакат, пешрафти ҷомеа, рушди илму эҷод, ҳувияти миллӣ, муаррифии бештару аёнтари арзишҳои таърихиву фарҳангӣ талқин намуд.

Имрӯз фурсате фаро расида, ки тамоми қишрҳои ҷомеа, кулли мардуми ҷумҳурӣ- аз хурд то бузург дар зеҳнияту шуури худ мафҳуми ватандӯстиро инкишоф диҳанд, дар амалашон софдилонаву содиқона татбиқ намоянд.

Агар атрофи афкори хеле арзишманду зарурии Президенти Тоҷикистон андеша намоем, метавон аз ин уқёнуси бузург марвориди беинтиҳо ба даст овард. Зеро андешаву афкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама паҳлуҳои рӯзгори имрӯзин бо оянданигарии возеҳ арзёбӣ гардида, ҳамзамон дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд.

Борҳо дар доираи ҷаҳонӣ собит шудааст, ки Пешвои муаззами миллат бар замми саҳми босазо ва муассир доштан дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон ҳамчунин шахсияти нотакрору наҷиби таърихи башар ба ҳисоб мераванд. Зеро ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат барои Тоҷикистон ё минтақа, балки барои кулли мардуми сайёра арзиши баланди таърихӣ доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ- давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб мешаванд, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза дар ин раванд саҳм гузоштан аст.

Рисолати мо 

Бо ин назардошт имрӯз барои ҳар фарди ҷомеаи тоҷик худогоҳиву зиракии сиёсӣ муҳим аст, аммо худогоҳу ватандӯст будан муҳимтар аз он. Умуман, ҳар тоифа ва ё ҳар фарде, ки дар ин давлат, дар ин ҷумҳурӣ умр ба сар мебарад, бояд, пеш аз ҳама, дар касбияти худ мафҳуми ватандӯстиро илова намояд. Яъне, омӯзгори ватандӯст, шоири ватандӯст, олими ватандӯст, деҳқони ватандӯст ва ғайра. Ҳама қишри ҷомеа дар ҷумҳурӣ барои он фаъолият менамояд, ки давлати мо аз имрӯза бештару беҳтар рушд ёбад, пеш равад, обод гардад. Пас, ин ҳама аз ана ҳамон маҳсули кори мо вобаста аст. Агар деҳқон давлату миллаташро сидқан дӯст дорад, кӯшиш менамояд, ки маҳсулоти кишткардааш фаровону покизаву безарар бошад, зеро  ӯ барои солимии ҷомеа рисолат дорад. Агар омӯзгор воқеан мамлакаташро дӯст дорад, саъй менамояд, то ба хонанда маъниву дониш диҳад, зеро дар зеҳнияти ӯ сайқали ояндаи миллат ҳувайдо аст. Агар олим меҳанпараст бошад, пас дар андешаву афкори ӯ ҳамеша ҷустуҷӯ, навоварии воқеӣ, зиндагии шоистаи мардум ва осудагии марзу буми ҷумҳурӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ қарор мегирад, зеро ин омилҳо рисолати бузурги ӯ дар назди наслҳои оянда дониста мешавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо рисолати мо, ҷавонон, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзу буми мамлакат ва Истиқлолу Ваҳдат аст. Илова бар ин, муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои умдаи мо аст.

Дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир олими асил будан тақозои давру замон аст. Яъне, олим бояд дар доираи рисолати илм содиқонаву софдилона барои миллат хидмат намояд, дар меҳвари андешаҳояш ҳувияти баланди миллӣ нуҳуфта бошад, ин марзу буми аҷдодӣ, ин хоки муқаддасро воқеан дӯст дорад ва дар ин росто фарогири донишҳои муосири замон бошад, манфиатҳои миллию давлатиро дар мадди аввал гузорад, бо донистани забонҳои хориҷӣ тавонад Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, дорои маҳсули солими фикрӣ ба нафъи ҷомеа ва давлат бошад. Бояд маҳсули таҳқиқу кори олим ба рушди ҷумҳурӣ мусоидат намояд ва ҳар таҳқиқу нигориши олимона бояд аслияти амиқи илмӣ дошта бошад. Дӯстдории аслии Ватану Миллату Давлат ҳамин аст.

Хулоса, мо мардуми мамлакат, ҳама хурду бузург ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш созем, ки ҳар амали мо, ҳар андешаи мо, ҳар қадами мо бояд комилан ба манфиати миллӣ нигаронида шавад. Зеро дар раванди пурпечутоби ҷаҳони имрӯза танҳо василаи ҳимояи арзишҳои таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ дар андешаи миллимеҳвар таҷассум меёбад. Аз ин лиҳоз бо итминони комил, бо сари баланд, бо руҳияву рағбати наку, бо сарфарозиву ифтихор, бо арҷгузориву фараҳмандӣ батакрор иброз медорем: Тоҷикистон, ба пеш!

Воқеан, имрӯз ин шиор пандомӯзи пиру барнои ҷумҳурии азизи мо гардидааст. 

Ардамеҳр АШУРЗОД,
ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
 

АКС аз бойгонӣ

Март 30, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд