ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дар намоишгоҳи «ITB BERLIN-2024» иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва тиҷоратии «ITB Berlin-2024» баргузор гардид, ки дар он 175 ҳазор нафар аз 187 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо номи «Биржаи байналмилалии сайёҳии Берлин» шинохта мешавад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон- намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, роҳбарону кормандони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҶСК ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён иштирок намуданд.
Соли 2024 Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар «ITB Berlin-2024» дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд ва аввалин нафаре, ки ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ аз ин гӯша дидан намуд, собиқ мураббии овозадори дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Петр Сегрт буд, ки номбурда тамошои павилони сайёҳии Тоҷикистонро дидори мардум ва шикастани хумори сарзамини беназири Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва тиҷоратии «ITB Berlin-2024» дар маҷмааи Мессе Берлин то 7 март идома ёфта, 20 нафар роҳбарону кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб дар ин бозори ҷаҳонии сайёҳӣ иқтидори фаровони сайёҳии Тоҷикистонро ба дӯстдорон ва алоқамандони сайру саёҳат муаррифӣ менамоянд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ҳамасола дар намоишгоҳи бонуфузи байналмилалии «ITB Berlin» фаъолона иштирок намуда, имконияти сайёҳии Тоҷикистонро пешниҳоди сайёҳон ва ҷаҳонгардон менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






