«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Гулдухтарону занони шаҳри Роғун либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ менамоянд
РОҒУН, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ бо иштироки гулдухтарону занони шаҳри Роғун ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Гулдухтарону занон бо либосҳои миллӣ дар назди маҷмааи «Исмоили Сомонӣ», боғи фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Роғун либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ аз 1 март то 31 май дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва муассисаҳои миёнаи касбии он ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






