«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» Суратгузориш аз ҷараёни тарғиби либоси миллӣ дар минтақаи Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва муаррифии либосҳои миллӣ дар минтақаи Кулоб намоиши либоси миллӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб хабар медиҳад.
Занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонон либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли баҳор, арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби занону духтарон пеш гирифта мешавад.
АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб


















Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






