Вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд

Март 29, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 март бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Бибиосия Аюбӣ, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва доираи васеи намояндагони аҳли ҷомеа ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа бо мақсади омӯзиши самараноки «Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин» масъалаҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, дар ин замина риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии хурофотпарастиву бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ҳозирин даъват шуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кор қарор диҳанд, дар кори ҳаррӯза аз он истифодаи васеъ намуда, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.

Ҳамзамон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти ноҳия, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок намуданд.

Зоир Раҳмонзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динро шарҳу тавзеҳ дода, ҳозиринро ба иҷрои он даъват намуд.

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, инчунин вобаста ба амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2024 дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо сокинони маҳаллаи Чиноро 1-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур Фозил Обидов, намояндагони ҳизбӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат оид ба фазилатҳои пурарзиш, амали хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросим ибрози назар намуданд. Ҳамчунин аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана, расму оинҳои мардумию динӣ ва рафъи камбудиҳои ин соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар фарди бонангу ори мамлакат, инчунин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ ибрози назар карда шуд.

Дар шаҳри Бохтар низ вобаста ба нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз бо сокинони якчанд маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ доир шуд.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода ва Фазлиддин Икромӣ, муовини Раиси шаҳри Бохтар Фурқат Забирзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат иқтибос оварда, гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир равандҳое, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва монанди инҳо мавҷуданд, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардида, ба ҷомеа ва давлати мо низ таъсир мерасонанд.

Бинобар ин фаъолон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд ва бар зидди терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ мубориза баранд.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода ва Дарин Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо фаъолони ноҳия бобати фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоати мамлакат аз 9 марти соли 2024 баргузор шуд.

Дар раванди мулоқот бо фаъолони ноҳия намояндагони мардумӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, мушкилиҳои сиёсии сайёра, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи марзу буми мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд.

Инчунин дар толори ташкилоти ибтидоии Кооперативи тиҷоратии ба номи «Ҷаббор Расулов»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода ва Раънохон Бобоҷониён бо интихобкунандагон доир ба расонидани муҳтавои асосии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.

Дар мулоқот фаъолони ҷамоат, раисони хоҷагиҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дин иштирок намуданд.

Мавлудахон Мирзозода ва Раънохон Бобоҷониён оид ба муҳтавои асосии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат ва ходимони дин андешаҳояшонро баён дошта, таъкид намуданд, ки сокинон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд софдилонаю содиқона меҳнат намуда, дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳм гузоранд.

Дар доираи чунин чорабиниҳо вакили Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом мулоқот намуда, паҳлуҳои гуногуни мулоқоти Пешвои миллатро, ки ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, иброз намуданд.

Сархатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар фарҷом мардумро ба ободкориву созандагӣ ва тарбияи дурусти насли оянда даъват намуд.

Мулоқоти вакилони мардумӣ то 30 март идома меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 29, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд