Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ибтикори ЮНЕСКО ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба Аврупо (UNECE) Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об таҳти унвони «Об баҳри субот» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар паёми видеоӣ дар маросими ифтитоҳии Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об гуфт, ки «Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд тавассути ташаббусҳои худ пеш мебарад».
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, барои пешбурди мавзуи марбут ба об дар сатҳҳои гуногун, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, аз ҷумла масоиле, ки дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ шудаанд, заминаи сазовор гузоштанд.
Моҳи марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби СММ, якчанд уҳдадориҳои Тоҷикистонро, аз ҷумла истифодаи платформаи Раванди оби Душанбе барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ ва Рӯзномаи амали обро баён намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки Раванди оби Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъсис ёфтааст. Тибқи он Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалиро бахшида ба Даҳсолаи амали об баргузор менамояд.
«Тоҷикистон ба уҳдадории худ дар пешбарии рӯзномаи об содиқ боқӣ монда, ҳамаи шариконро даъват менамоя, ки дар Конфронси сеюми Даҳсолаи амали оби Душанбе фаъолона иштирок намоянд, то дар иҷрои уҳдадориҳо ва амалҳои нави марбут ба об саҳм гузоранд», — гуфт дар анҷом Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






