Вобаста ба ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО конфронси байналмилалӣ доир шуд

Март 13, 2024 09:59

ДУШАНБЕ,13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар конфронс олимону мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, роҷеъ ба  популятсияи ҳайвоноту наботот, экосистемаҳои табиии туғайзор  ва ҳифзу нигоҳдошти онҳо аз антропоген (таъсири инсон) дар ҳудуди мамнуъгоҳ маърузаҳои илмӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади таблиғу ташвиқ ва муаррифии бештари ин мавзеи нодир диорамаи «Бешаи палангон» таъсис дода шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни олами ҳайвоноту набототи нодири Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудааст. Аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонони ватаниву хориҷӣ оид ба ин мавзеъ ҳамарӯза сайрҳои мавзуӣ баргузор  мешаванд.


Ёдовар мешавем, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» 20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

«Сертификат»-и асле, ки ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон»-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ менамояд, дар Осорхонаи миллӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.

Барои иштирокдорони конфронс оид ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аз ҷониби роҳбалади Осорхонаи миллӣ бо забони англисӣ сайри мавзуӣ гузаронида шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 13, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст