«ЗАН – ОЛИҲАИ ЗИНДАГӢ». Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 март дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан – олиҳаи зиндагӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода занони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занон-модарони ҷумҳуриро бо Рӯзи Модар самимона муборакбод намуд. Иброз гардид, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои қадимии аҷдодонамон, яъне арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар таълиму тарбияи фарзандони ботарбия беназир аст.
Дар ҷамъомад кормандон оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни муқаддас ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан намуданд.
Иштирокчиён таманниёташонро ба модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон иброз намуда, дар васфи Зан-Модар аз бузургони адабиёти классикӣ ва муосир шеърҳо қироат намуданд.
Дар ҳамоиш як зумра занон қадрдонӣ шуданд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






