Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки вакилон аз саросари мамлакат ва собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш Анҷумани XVI ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзномаи Анҷуман шаш масъаларо дар бар гирифта, тибқи масъалаи якум фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои марҳилаи минбаъда муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар тарбияи насли наврас, рушду тараққии сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, бедории милливу номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолият, бунёди ҷомеаи демократӣ ва муаррифии мамлакат дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.
Дар идомаи баррасии масъалаҳои рӯзнома бо пешниҳоди вакилон номзадии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ба вазифаи Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбари гардида, бо овоздиҳии якдилонаи вакилон номбурда Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар фарҷом Раиси тозаинтихоби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз тамоми ҷавонони мамлакат даъват намуд, ки таҳти шиори «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат» баҳри пешрафту рушди Ватан хизмат намоянд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






