12 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон: аз асотир то ҳақиқат

Апрель 12, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аст. Бахшида ба ин рӯз олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» андешаҳояшонро иброз намуданд.

-Инсоният ҳазорсолаҳо пеш ба осмони ситоразор ва кайҳони беканор нигариста, дар дил орзуи парвоз ба ин беҳудудӣ мепарварид. Аммо ин орзуе беш набуд. Асрҳо мегузаштанду парвоз ба кайҳон ба мисли садсолаву ҳазорсолаҳо амали ношуданӣ боқӣ мемонд.

Як қатор асотиру ривояту достонҳо навишта мешуданд оид ба парвоз ба кайҳон ва дар байни мардум овозаҳо дар бораи қаҳрамонҳои кайҳоннавард паҳн мегардид. Асбоби парвоз дар чунин қиссаҳо гилемҳои паррон, уқобҳои бузургҷусса, симурғи хаёлӣ ва деву париҳо буданд.

Дар асри 17 бори аввал асари фантастикии нависандаи фаронсавӣ Сирано де Бержерака оид ба парвоз ба Моҳ ба миён омад. Қаҳрамонони асар то Моҳ тавассути лавҳаи оҳанине рафтанд, ки дар болояш магнити пурқуввате буд, ки ҳамеша оҳанро ба сӯи худ ҷазб мекард.

Нависандаҳои асарҳои фантастикӣ дар асарҳояшон сафина (ракета)-ҳоро ҳам ёдовар шудаанд, аммо сафина (ракета)-ҳо орзуи аз нигоҳи техникӣ ҳанӯз асоснокнашуда ба ҳисоб мерафтанд. Олимон давоми садсолаҳо наметавонистанд асбоберо ном гиранд, ки тавонад инсонро ба кайҳон барорад ва орзуи ҳазорсолаашро амалӣ созад.

Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки тамоми орзуҳои дар боло гуфташуда амалӣ шуда, нақшаҳои нав тарҳрезӣ мешаванд. Чунин бахти бузург ба олими бузурги рус Сиолковский даст дод. Ин муаллими одии рус тавонист, ки дар сафина (ракета)-и ба ҳама маълуми борутӣ намуди киштиҳои кайҳонии ояндаро бинад. Идеяҳои ӯ то дер барои фатҳи кайҳон аз тарафи инсон хизмат мекунанд. Ин идеяҳоро Королёв дар амал татбиқ намуда, ба сохтани киштии кайҳонӣ пардохт ва муваффақ ҳам шуд. Аввалин конструктори киштии кайҳонӣ Сергей Королёв мебошад.

Бо шарофати заҳмати ин олимон азхудкунии кайҳон аввалин маротиба 4 октябри соли 1957 рух дод, ки дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Сафинаи дуюм 3 ноябри соли 1957 ҳамроҳи худ аввалин ҷондор – сагеро бо номи Лайка ба кайҳон баровард, ки як қадами ҷиддие ба пеш – ба сӯи фатҳи кайҳон ба ҳисоб мерафт.

Пас аз якчанд парвози санҷишӣ, ки дар кабина аз замбӯруғҳо то бактерияҳо ва дар охир Белка ва Стрелкаи ба ҳама машҳур мавҷуд буданд, конструксияи киштиҳои кайҳонӣ бо тамоми системаи мураккаби баровардан ба мадор, танзими парвоз ва бозгашт ба Замин пурра кор карда шуданд.

Бо амри Сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Константин Вершинин гурӯҳи кайҳоннавардон ташкил намуданд, ки 3 марти соли 1960 Юрий Гагарин низ ба ин гурӯҳи номзадҳои кайҳоннавард дохил гардид.

Аз 25 марти соли 1960 дарсҳои доимӣ аз рӯи барномаи тайёрии кайҳоннавардон оғоз шуд. 10 апрели соли 1961 комиссияи давлатӣ қарор қабул кард, ки якумин маротиба ба кайҳон Юрий Гагарин парвоз мекунад, дублёри вай Герман Титов таъйин карда шуд. 12 апрели соли 1961 касе хабар надошт, ки маҳз имрӯз аввалин парвози инсон ба кайҳон ба амал меояд.

Дар рӯзи таърихии 12 апрели соли 1961, соати 09:00-и пагоҳирӯзӣ ба вақти Москва (соати 11:00 бо вақти Душанбе) бо киштии кайҳонии «Восток» аввалин кайҳоннавард дар таърихи инсоният – Юрий Гагарин аз Пойгоҳи кайҳонии «Байконур» ба кайҳон парвоз кард! Атрофи Заминро Гагарин 1 соату 48 дақиқа чарх зада, ба Замин баргашт. Гагарин барои инсоният ба кайҳон роҳ кушод. Аз рӯи маълумоти аввала даври гардиши киштии кайҳонӣ – радиф ВОСТОК дар атрофи Замин ба 89,1 дақиқа баробар буда, масофаи минималии дурӣ аз Замин 175 км ва масофаи максималӣ ба 302 км баробар буд.

Тибқи маълумот, аз киштии кайҳонии «ВОСТОК» дар соати 09.52 бо вақти Москва сарнишин — кайҳоннавард, майор Гагарин дар болои Америкаи Ҷанубӣ чунин хабар дод: «Парвоз дуруст рафта истодааст, худамро хуб ҳис мекунам».

Соати 10.15 аз рӯи вақти Москва Гагарин аз болои Африка парвозкунон аз киштии кайҳонии «ВОСТОК» чунин хабар дод: «Парвоз хеле хуб аст, ҳолати бевазниро нағз бардошта истодаам».

Баъди парвоз 12 апрели соли 1961 соати 10:55 бо вақти Москва Гагарин бо киштии кайҳонии худ ба ҷойи муайяншуда фаромад. Пас аз баргашти Гагарин ба ӯ якчанд ордену унвон ва медалу дипломҳо, инчунин шаҳрванди фахрии чандин давлатҳо дода шуд.

Пас аз чанд моҳ, 6 августи ҳамон сол киштии кайҳонии «Восток-2» бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. «Восток-2» дар гирди Замин 17,5 маротиба тоб хӯрда давоми 25 соату 18 дақиқа дар парвоз буд.

Соли 1966 Гагарин аъзои фахрии Академияи байналхалқии кайҳоннавардон, аз соли 1964 сардори гурӯҳи кайҳоннавардон таъйин намуданд. 27 марти соли 1968 ӯ дар ҳолати фавқулода дар наздикии деҳаи Новоселовои ноҳияи Киржачски вилояти Владимирск дар вақти парвоз ҳалок шуд.

Мо танҳо парвози Гагаринро гуфтем, вале таърихи парвозҳои кайҳонӣ бо ин хотима намеёбад. Парвозҳои Герман Титов, Валентина Терешкова – аввалин зани кайҳоннаварди дунё, Комаров, Николаев Андриян Григоревич, Григорий Нелюбов ва дигарон қаҳрамонии Гагаринро такрор намуданд.

Илми кайҳоншиносӣ ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, системаи офтобӣ ва умуман инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои кайҳоншиносӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имкониятамонро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем.

Пешгӯии боду ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзор, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет аз технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки ҳама ба шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба даст омадаанд.

Мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта мебошад, ки ин пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулнамудаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ инчунин мушоҳида ва омӯзиши радифҳои сунъии Замин бо пораҳояшон ба самтҳои асосии илмии институт дохил мешавад. Тараққиёти ин гуна таҳқиқоти кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо сар додани аввалин радифи сунъии Замин ба кайҳон 4 октябри соли 1957 оғоз шуд. Дар Институти астрофизикаи ҳамонвақта дар Расадхонаи астрономии Сталинобод 4 октябри соли 1957 мушоҳидаҳои аввалин радифҳои сунъии Замин бо муваффақият гузаронида шуданд ва баҳори соли 1958 барои гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами фотографии радифҳои сунъии Замин стансия таъсис дода шуд. Дар натиҷа маълумоти пурқимате ба даст омад, ки дар ҳалли якчанд масъалаи муҳими астрономияи амалӣ-бунёдӣ, инчунин геофизикавӣ ёрӣ расонид.

Соли 1964 Расадхонаи астрономии Ҳисор сохта шуда, дар он камераи нави АФУ-75 барои мушоҳидаи радифҳои сунъии Замин ба истифода дода шуд. Баъдтар соли 1974 бо васл намудани дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ мушоҳида ва омӯзишҳои радифҳои сунъии Замин беҳтар ба кор монда шуд.

Институти астрофизика дар дигар соҳаи фаъолият ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта низ саҳм гузоштааст. Институт дар инкишоф ва омодасозии якчанд лоиҳаи омӯзиши кометаҳо аз кайҳон, аз ҷумла коркард ва амалигардонии барномаи байналмилалии (IHW) ва лоиҳаи (СОПРОГ) оид ба тадқиқоти кометаи Ҳаллей, лоиҳаҳои «КАТРАН», «БЕНЕТ», «ИКОМ» иштирок намудааст.

Мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллейи дар Тоҷикистон гузаронида ҳангоми амалигардонии лоиҳаи миссияи кайҳонии «ВЕГА» ба ин комета солҳои 1985 -1986 истифода гаштанд ва дар айни замон ба бойгонии байналмилалии маълумот дохил карда шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти хусусияти ядрои кометаҳо дар омодасозии лоиҳаи байналмилалии миссияи кайҳонии РОЗЕТТА ба кометаи Чурюмов-Герасименко истифода карда шуданд.

Дар айни замон дар институт аз рӯи ин самт таҳқиқот идома дорад. Махсусан вобаста ба барқарорсозӣ ва модернизатсияи телескопи 1-метраи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи Институти астрофизика мушоҳидаҳо боз фаъол шудаанд. Расадхонаи Санглох дар ноҳияи Данғара, дар кӯҳи Санглох 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Дар ин расадхона мушоҳидаҳои радифҳои интихобшуда бо пораҳояшон, яъне партовҳои кайҳонӣ, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз муассисаҳои астрономии Академияи илмҳои Русия ва Академияи илмҳои Чин ба анҷом расонида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳо якчанд мақолаи муштарак интишор гардид. Ҳамчунин баромадҳои ҳамҷоя дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таҳия карда шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст