19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд

Апрель 29, 2024 17:32

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон 19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи бемории сурхакон дар иёлати Адамава, дар шимолу шарқии Нигерия ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус комиссари минтақавӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ Феликс Тангвами ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Мувофиқи гуфтаи ӯ, беш аз 200 кӯдак аз хуруҷи бемории сурхакон дар минтақаи худидоракунии маҳаллии Мубии Шимолӣ зарар дидаанд.

Инчунин тибқи маълумоти расмӣ, 19 фавт аз сабаби мушкилоти беморӣ ба амал омадааст, иброз намуд Ф. Тангвами. Ба ҷамоатҳои зарардида кормандони тиб ва доруҳо фавран расонида шуданд, илова намуд ӯ.

Тавре комиссар баён намуд, беморони гирифтори сирояти шадид ба беморхонаҳои махсус фиристода мешаванд. Ӯ ҳамчунин волидонро барои рад намудани эмгузаронии кӯдакон айбдор намудааст.

Сурхакон — инфексияи гузарандаи вирусӣ буда, ин беморӣ аксар вақт ба кӯдакони то панҷсола таъсир мерасонад, аммо бо гирифтани ваксинаҳо пешгирӣ кардан осонтар аст.

Сурхакон тавассути қатраҳои ҳавоӣ мегузарад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 29, 2024 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд