35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст

Апрель 13, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки беш аз 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Дар ин хусус зимни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Зимни ин суханронӣ Пешвоои миллат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти сайёҳӣ ва назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ба масъалаи ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як хонаву кӯча ва маҳалли зисти аҳолӣ, ташкили иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ эътибори боз ҳам бештар дода шавад.

«Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ниҳолшинонӣ ва васеъ намудани майдони дарахтони сояафкану мевадиҳанда чораҳои амалӣ андешанд».- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 13, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд