Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд

Ноябрь 2, 2026 10:43

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор кӯдакон дар 5 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа   толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд.

Барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар муассиса гурӯҳҳо ва маҳфилҳои гуногуни инкишофдиҳанда, аз ҷумла китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар ташкил карда шудаанд. Дар раванди таълиму тарбия ба рушди нутқ, тафаккур, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Бинои муассиса бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва муосир бунёд гардида, намои зебо ва муҳити дилнишин дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкоронро дар самти бунёди чунин иншооти замонавии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ба истифода додани муассисаи нави томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии насли оянда ба шумор меравад.
Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи баҳор дар ноҳияи Шаҳристон 02.11.2026

Ноябрь 2, 2026 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд