Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон бунёд гардидааст. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Таъкид гардид, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузорад.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.
Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳимми иҷтимоӣ — муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои умед ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Кӯдакистони Шукуфаҳои умед бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии Нозанинро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардидааст, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он барои таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






