35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки беш аз 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Зимни ин суханронӣ Пешвоои миллат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти сайёҳӣ ва назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ба масъалаи ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як хонаву кӯча ва маҳалли зисти аҳолӣ, ташкили иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ эътибори боз ҳам бештар дода шавад.
«Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ниҳолшинонӣ ва васеъ намудани майдони дарахтони сояафкану мевадиҳанда чораҳои амалӣ андешанд».- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






