ҲАТМӢ ГАРДИДАНИ ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ

Апрель 14, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тағйироти воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни баррасии ин масъала дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум (20.02.2024) гуфта шуд, ки тағйиру илова ба қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ин масъаларо шарҳ дода, гуфт, ки «бо назардошти пешниҳоди Сарвари давлат ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф мусоидат менамояд. Ин ҳадаф шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин гардида, яке аз проблемаҳои мавҷуда дар ин самт ҳаллу фасл карда шавад. Хонандагон уҳдадор мешаванд, ки баъд аз хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ таҳсилро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд».

«Бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад. Инчунин, давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаю донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ амалӣ карда мешавад»,- илова кард Раҳим Саидзода.

Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми мамлакат, хонандагон дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз рӯи майлу рағбат ва қобилияташон таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҷалби хонандагон ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо даровардани ин тағйиру илова яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 кафолат додани он, ки ҳамаи духтарон ва писарон таҳсилоти ройгон, баробар ва босифати ибтидоӣ ва миёнаро ба даст оварда, ба натиҷаҳои мувофиқ ва самараноки омӯзиш оварда мерасонад, амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ иброз дошт, ки тағйиру илова ба қонуни мазкур ҳамчун идомаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули бахши маориф барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии муваффақ муаррифӣ мегардад.

«Ба андешаи мо, зарурати ворид намудани тағ­йирот ба қонуни мазкур аз ду ҷиҳат муҳим аст: Якум, дар шароити кунунии рушди бесобиқаи техникаю технология ва табодули маълумот фарогири танҳо таълими умумии асосӣ будан барои ҷавондухтарону ҷавонписарон басанда нест. Ин ҳолат метавонад боиси рукуди зеҳнии онҳо дар муҳити ҷомеапазирӣ гардад ва рушди сармояи инсонии онҳоро маҳдуд бисозад. Аз ин рӯ, уҳдадор намудани онҳо барои идомаи таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба манфиати шаҳрванду ҷомеа хоҳад буд, ки дар натиҷа ба кору фаъолиятҳои зиёди судовар машғул шудани онҳоро осон мегардонад. Дуюм, вазъияти зудтағйирёбандаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ осебпазирии қишру табақаҳои гуногуни кишварҳоро башиддат афзун гардонидааст. То ҳанӯз сатҳи пасти донишҳои дунявию эътиқодӣ ва аз рӯи пастмаърифатию беэҳтиётӣ паёмак додани ҷавонони ноогоҳ ба сомонаҳои ташкилотҳои мамнӯи террористию экстремистӣ боиси гирифторию саргардонӣ, зиндону маҳбас шудан ва гоҳо ба ҳалокат расидани онҳо мегардад. Бегумон, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба таълиму тарбия ва маърифату касбомӯзии ин гурӯҳи шаҳрвандон барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни онҳо тақвият мебахшад ва сатҳи содир кардани ҷиноятҳоро коҳиш медиҳад»,- иброз дошт Файзулло Баротзода.

Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода, мақсади даровардани тағйиру илова ба қонуни мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот дар раванди таълими миёнаи умумӣ, гирифтани касбҳои гуногун дар шароити имрӯза барои ҷавонон, хусусан духтарон, ниҳоят муҳим буда, барои дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Таълим гирифтан, касб омӯхтан, ҳунарманд шудан замина ба зиндагии ояндаи ҷавонон мебошад.

Бузургон барҳақ гуфтаанд: «Ҳунар чашмаи зоянда ҳасту давлати поянда».

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода вобаста ба масъалаи баррасишаванда пешниҳод намуд, ки ба фоидаи кор мешуд, агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани фаъолияти комбинатҳои таълими истеҳсолиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад, зеро ин иқдом барои соҳибкасб гаштани ҳар як шаҳрванд, ки аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бармеоянд, мусоидат хоҳад намуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид доштанд, ки «...ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона намуда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».

Мавриди тазаккур аст, ки давоми солҳои 2021-2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» дар таҳрири нав қабул гардида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таснифоти миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо», «Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб», «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расиданд.

Дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо давоми солҳои мадди назар зиёда аз 1 миллион шаҳрванди мамлакат ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаи касбии 3 ҳазор ҳунарманд ба расмият (валидатсия) дароварда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 14, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар ноҳияи Ванҷ ин соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин ҳамкориро тақвият мебахшад
Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсия баргузор гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия ҳамкориро густариш медиҳад
Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд