Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуд

Апрель 1, 2024 18:03

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар медиҳад.

Зимни он гуфта шуд, ки Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов аз аввалинҳо шуда, дар рӯзи якум нақшаи даъвати баҳориро 100 % иҷро намуд.

Таъкид гардид, ки имсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст. Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату баномус изҳори сипос намуданд.

Иброз гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша дӯстдори Ватану сарзамини биҳиштосояшон бошанд, ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, худшиносу худогоҳ бошанд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани Ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷавононро ба мақсад мерасонад.

Дар идомаи ҳамоиш ба даъватшавандаҳое, ки ба таври ройгон дар даврҳои Ташкилоти мададгори мудофиа таҳсил намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим шуд.

Сипас барномаи рангини кансертӣ, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона буд, манзури иштирокчиён гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Апрель 1, 2024 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид